Сураи Саҷда Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сачда Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Саҷда Ояти 4

اَللّٰهُ الَّذِىۡ خَلَقَ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَا فِىۡ سِتَّةِ اَيَّامٍ ثُمَّ اسۡتَوٰى عَلَى الۡعَرۡشِ‌ؕ مَا لَكُمۡ مِّنۡ دُوۡنِهٖ مِنۡ وَّلِىٍّ وَّلَا شَفِيۡعٍ‌ؕ اَفَلَا تَتَذَكَّرُوۡنَ ٤

Аллоҳу-л-лазӣ халақа-с-самавати ва-л-арЗа ва ма байнаҳума фӣ ситтати аййамин суммастава ъала-л-Ъарш. Ма лакум-м мин дуниҳӣ ми-в валиййи-в ва ла шафӣъ. А-фа ла татазаккарун. 4.

4. Худо Он аст, ки осмонҳо ва Замин ва он чиро ки байни онҳост, дар шаш рӯз офарид, боз бар Арш истиво ёфт, ба ҷуз Вай ҳеҷ дӯсте ва шафоъаткунандае шуморо нест. Оё пандпазир намешавед?!

Баъди баёни бузургии Қуръон ва рисолати Пайғамбар (с) Худованд дар ояти мазкур ба яке аз муҳимтарин аслҳои ақидаи исломӣ, яъне ба баёни тавҳид ва ботил будани ширк пардохта чунин гуфтааст, ки Худованд зотест, ки осмонҳо ва Замин ва ҳар он чи, ки дар ин ду ва байни ин ду ҳаст, дар шаш рӯз биофарид.

Муфассирон дар бораи дарозии ин рӯзҳо ихтилофи назар доранд. Аммо беҳтарин сухан дар бораи ин шаш рӯз он аст, ки дарозии онҳо назди Худованд маълум аст.

Ҳасани Басрӣ (р) гуфтааст: «Худованд агар мехост метавонист онҳоро дар як чашм ба ҳам пӯшидан меофарид, Лекин хост, то ба бандагони худ омӯзонад, ки дар корҳои худ набояд шитоб кунанд». Баъди масъалаи офариниш ба масъалаи ҳокимият бар олами ҳастӣ пардохта гуфтааст, ки баъди халқи осмонҳо ва Замин Худованд бар Арш истило ёфт. Аҳли тафсир ва аҳли илми калом дар бораи шарҳи маънои ин ҷумла бо ҳам ихтилофи бисёре доранд. Он масъала байни уламо ба номи «Истиво» машҳур аст. Шарҳи баҳсҳо оиди ин ҷумла дар ояти 54-уми сураи «Аъроф» ва дар ояти 5-уми сураи «Тоҳо» низ гузашт. Хулоса, бе монандсозӣ ва бе чигуна будан, лоиқу муносиби зоти худ Худованд бар Арш истиво ёфт. Ин аст мазҳаби аҳли салаф, ки ин сифати Парвардигорро на бо чизе мисол меоранд ва на ба чизе монанд ва на таътилу таъвил мекунад. Дар охири оят Худованд гуфтааст, ки агар шумо аз ҳудуд ва муқтазои ризои Ҳаққ таъоло таҷовуз кунед, ба ғайри Ӯ барои наҷоти худ ҳеҷ ёваре намеёбед, ки шуморо ёрирасон шуда, азоби Ӯро аз шумо дур кунад. Ҳамчунин, на шафоъатгаре меёбед, ки бо зону зада шафоъати шуморо аз Вай бихоҳад. Охир дар ин бора чаро андеша намекунед, чаро панд намегиред, то ин ки аз онҳо баҳраманд шавед?!


Рӯйхати оятҳои Сураи Саҷда «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Саҷда Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Саҷда Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)