Тафсири Сураи Шуро Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Шӯро Ояти 46
وَمَا كَانَ لَهُمۡ مِّنۡ اَوۡلِيَآءَ يَنۡصُرُوۡنَهُمۡ مِّنۡ دُوۡنِ اللّٰهِؕ وَمَنۡ يُّضۡلِلِ اللّٰهُ فَمَا لَهٗ مِنۡ سَبِيۡلٍؕ ٤٦
Ва ма кана лаҳум-м мин авлийаа янсурунаҳум-м мин дуниллаҳ. Ва ма-й юЗлилиллоҳу фа ма лаҳу мин сабӣл. 46.
46. Ва онҳоро корсозоне набошад, ки ба ҷуз Аллоҳ онҳоро мадад кунанд. Ва ҳар киро Аллоҳ гумроҳ кунад, пас, ӯро ҳеҷ роҳнишондеҳе нест.
Дар давоми ояти Қаблӣ Аллоҳ таъоло фармудааст, ки ай мухотаб, албатта, золимонро хоҳӣ дид, ки пешкаши нор (оташ) мегарданд ва аз чунин ҳукми Аллоҳ таъоло чеҳраи онҳоро беҚарорию хорӣ фаро мегирад. Аз он салобате, ки дар дунё доштанд, дар онҳо нишонае боқӣ намемонад. Мисли шахси маҳкум ба Қатлу ба ҳалқаи дор аз бим меларзанд, бисёр маъюсу ғамзада мешаванд. Аз шарму ҳаё сар боло бардошта наметавонанд. Ба гӯшаи чашм дуздида, бо тавозӯъ нигоҳ мекунанд. Локин ҳайҳот, зеро онҳо дар дунё тобеъи амри илоҳӣ набуданд, машғул ба амалҳои солеҳ нашуданд ва умри худро пайи суд бахшидан ба халқи Худо ба охир набурданд, ки имрӯз сарфарозу хушҳолу болидарӯ бошанд. Акнун ба он амалҳои баде, ки дар дунё доштанд, онҳоро ҷуз маҳкум шудан дигар мукофоти арзандае нест.
Хурмо наметавон хӯрд аз ин хор, ки киштем,
Дебо натавон бофт аз ин пашм, ки риштем.
(Саъдӣ)
Маълум аст, ки он муомилаи бадеро золимон бар муъминон дар ин дунёи гузаро раво диданд, дар андак вақт бар мазлумон гузашт. Аммо ҷазои охират барои золимону мушрикон гузаро набуда, балки доимист. Вақто ки ин ҷамоъаро ба оташи Дӯзах тақдимашон мекунанд муъминони дар Ҷаннатбуда ҳоли ин золимонро мебинанд, мегӯянд, ки дар ҳақиқат ин зиёнкорон шахсонеанд, ки бо дохил шудан ба нор (оташ) худашонро ва ҳам аҳлу иёлашонро комилан дар зиён андохтаанд. Дар давоми оят омада, ки ай мухотаб, огоҳ бош, албатта, зиёнгарон дар азоби доимианд ва онҳоро ҳеҷ наҷотбахше аз азоби Аллоҳ ба ҷуз Аллоҳ касе нест. Оре! Берун аз Қонуни Аллоҳ зиндагонӣ кардан нишони гумроҳист. Ҳар амале, ки аз Қонуни Аллоҳ берун аст, дар он рӯз нафъе надорад. Таъкидан омада, ки агар шахсеро Аллоҳ таъоло гумроҳ созад, дигар барои ӯ роҳи наҷот нест, роҳи саодатро барои гумроҳшудагон баста аст.
Худовандо, дар сояи раҳматат моро гиру гумроҳ масоз! Омин!
Рӯйхати оятҳои Сураи Шӯро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «