Сураи Шӯро Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Шуро Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Шӯро Ояти 47

اِسۡتَجِيۡبُوۡا لِرَبِّكُمۡ مِّنۡ قَبۡلِ اَنۡ يَّاۡتِىَ يَوۡمٌ لَّا مَرَدَّ لَهٗ مِنَ اللّٰهِ‌ؕ مَا لَكُمۡ مِّنۡ مَّلۡجَاٍ يَّوۡمَٮِٕذٍ وَّمَا لَكُمۡ مِّنۡ نَّكِيۡرٍ ٤٧

Истаҷӣбу ли Раббикум-м мин Қабли ай яътия явму-л ла марадда лаҳу миналлоҳ. Ма лакум-м мим малҷаи-й явмаизи-в ва ма лакум-м мин-н-накӣр. 47.

47. Фармони Парвардигори худро, пеш аз он ки рӯзе биёяд, ки онро бозгашт набошад, Қабул кунед. Дар он рӯз шуморо аз Худо ҳеҷ паноҳгоҳе нест ва ҳеҷ инкоркунандае ҳам барои шумо нест.

Ай мардум, Аллоҳ таъоло шуморо пеш аз омадани он рӯзе, ки бебозгашт бар сари ситамгарону зиёнкорон меояд, ба имону тоъат мехонад. Барои халосии худ аз он рӯзи пуртаҳлука даъвати Ӯ таъолоро иҷобат кунед! Иҷобати шумо вақте суд меорад, ки Қабл аз омадани рӯзи Қиёмат бошад. Он чунон рӯзест, ки ба ҷуз Аллоҳи ягона ҳеҷ фарде Қодир нест омаданашро монеъ шавад. Дар он рӯзи пуртаҳлука ва даҳшатангез барои шумо ғайри Аллоҳ ҳеҷ паноҳгоҳе вуҷуд надорад. Ҳар чӣ дар дафтари аъмоли шумо сабт шудааст, онро наметавонед инкор намоед. Мукофоти арзандаеро, ки барои амалҳоятон ба шумо ҳукм мешавад, наметавонед рад созед. Дар он рӯз ҳатто ҳар як узви бадани шумо барои шумо шоҳидӣ хоҳад дод.


Рӯйхати оятҳои Сураи Шӯро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Шӯро Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Шӯро Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)