Тафсири Сураи Шуро Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Шӯро Ояти 48
فَاِنۡ اَعۡرَضُوۡا فَمَاۤ اَرۡسَلۡنٰكَ عَلَيۡهِمۡ حَفِيۡظًاؕ اِنۡ عَلَيۡكَ اِلَّا الۡبَلٰغُ ؕ وَاِنَّاۤ اِذَاۤ اَذَقۡنَا الۡاِنۡسَانَ مِنَّا رَحۡمَةً فَرِحَ بِهَاۚ وَاِنۡ تُصِبۡهُمۡ سَيِّئَةٌۢ بِمَا قَدَّمَتۡ اَيۡدِيۡهِمۡ فَاِنَّ الۡاِنۡسَانَ كَفُوۡرٌ ٤٨
Фа ин аъраЗу фа ма арсалнака ъалайҳим ҳафӣза. Ин ъалайка илла-л балағ. Ва инна иза азақна-л-инсана минна раҳматан фариҳа биҳа. Ва ин тусибҳум саййиатун би ма Қаддамат айдӣҳим фа инна-л-инсана кафур. 48.
48. Пас, агар аз ҳақ рӯ бигардонанд, пас, туро бар онҳо нигоҳбон нафиристодем, нест бар ту, магар пайғом расонидан. Албатта, чун инсонро аз ҷониби Худ раҳмате бичашонем, ба он шодон шавад. Ва агар ба онҳо мусибате, ба сабаби он чӣ дастҳои онҳо Қаблан кардааст, бирасад, пас, батаҳқиқ, одамӣ сахт носипос аст.
Аллоҳ таъоло бо Қисме дар ин оят ҳабиби Худ (с)-ро тасаллӣ дода ва бо Қисми дигар табиати бандаҳои Худро мавриди баррасӣ Қарор дода, мефармояд, ки ай фиристодаи барҳаққи Ман (с), агар мушрикону мунофиқон аз даъвати ту, яъне аз имону ҳидоят рӯ гардонанду ҳарфи Ту (с)-ро Қабул накунанд, асло ғамгин мабош. Ба Ту (с) ҷуз расонидани пайғоми Парвардигор масъулияти дигаре вогузор нашудааст. Он чӣ дар уҳдаи Ту (с) буд, анҷом додӣ ва мо Ту (с)-ро ҳамчу назораткунанда аз болои амалҳои онҳо нафиристодем!
Аллоҳ таъоло дар давоми ояти мазкур аз табиати инсон хабар дода мефармояд, ки чун бандаи Худро аз неъматҳо: амният, сиҳатию дороӣ ва ғайра арзонӣ додем, шоду мамнун мегардад, аммо неъматдиҳандаро фаромӯш месозад. Илова бар ин, кибру ғурур варзада, шукри онҳоро ба ҷо намеоварад. Агар ба сабаби гуноҳҳояшон ба мусибате мубтало шаванд, ҳама неъматҳоеро, ки Қаблан доштанд, фаромӯш мекунанду носипосии худро маълум намуда, лаб ба шиква мекушоянд.
Калимаи “азақна” ба маънои “бичашонем” омадааст. Яъне неъматҳои ин дунё ҳар чӣ Қадар бисёр бошанд ҳам, дар муқоиса ба неъматҳои охират Қатрае аз баҳр аст.
Худо кунад, ки аз ҷумлаи собирону шокирон бошем! Омин!
Рӯйхати оятҳои Сураи Шӯро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «