Сураи Сод Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 14

اِنۡ كُلٌّ اِلَّا كَذَّبَ الرُّسُلَ فَحَقَّ عِقَابِ ١٤

Ин куллун илла каззаба-р русула фаҳаққа ъиқаб. 14.

14. Набуд ҳеҷ яке аз онҳо, магар ин ки пайғамбаронро дурӯғ ҳисобид, пас, азоби Ман бар онҳо собит шуд.

Аллоҳтаъоло ҳеҷ гоҳ дар рӯйи замин созмондиҳандагони чунин аҳзоберо, ки фаъолияташонро бар муқобили расулони Ӯ гардонидаанд, беҷазо намонда, ҳалоки онҳоро собит сохтааст. Аз онҳо то Қиёмат зикру номи бад ба ёди мардум мондааст. Онҳо агарчанде, ки соҳиби Қуввату Қудрат буданд, локин аз азоби Аллоҳтаъоло наҷот ёфта натавонистанд. Акнун шумо ай Қавми Қурайш, ба кадом нерӯю тавоноиятон ба муқобили ҳабиби Аллоҳ ба мубориза бархестаед? Оё шумо барои ҳақиқатро фаҳмидан ба ғайри суханҳои Пайғамбар (с) ва китоб (Қуъон)-и Худованд дигар чизро интизорӣ мекашед? Агар чунин аст азоби Аллоҳ албатта бар шумо низ собит аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)