Сураи Сод Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 15

وَمَا يَنۡظُرُ هٰٓؤُلَاۤءِ اِلَّا صَيۡحَةً وَّاحِدَةً مَّا لَهَا مِنۡ فَوَاقٍ ١٥

Ва ма янзуру ҳаулаи илла сайҳата-в ваҳидата-м ма лаҳа мин фавақ. 15.

15. Ва интизорӣ намебаранд куффор, магар як наъраи тунд (нафхаи Қиёмат)-ро, ки онро ҳеҷ диранге набошад.

Оё мушрикони пандношунави Макка барои ҳақиқати суханони Расулуллоҳ (с)-ро фаҳмидан дамидани сури Исрофил (а)-ро интизорӣ мебаранд? Агар чунин бошад, бояд бидонанд, ки баъди дамидани сур дигар барои онҳо муҳлати пушаймонию тавба нест. Чун ба ин вақт расанду ҳақиқатро бинанд, во ҳасрато, во вайлато гуфтани мушрикон дигар чӣ суд бахшад? Ҳол он ки барои ибратгирандагон то омадани он «сур» ҳодисаҳои ба он монанду огоҳкунандаи ибратбахш чандин бор ба такрор дар пеши назари онҳо воқеъ шуду амсоли онҳоро ногаҳон ҳалок сохт, вале мушрикони Қурайш ва амсоли онҳо ҳеҷ панде нагирифтанд. Ин гуна инсонҳо бояд бидонанд, ки албатта, он чизе, ки Аллоҳтаъоло ваъда намудааст, дар соату мӯҳлати худ, албатта, иҷрошаванда аст. Чун он лаҳзаҳо фаро расанд, фурсати якро ду гуфтан набошад. Мушрикон дар он вақт худро ба куҷо мезананд? Оё дар он вақт худро ислоҳ карда метавонанд? Ҳаргиз!

Ояти зер идомаи эзоҳи ояти Қаблӣ аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)