Сураи Сод Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 24

قَالَ لَقَدۡ ظَلَمَكَ بِسُؤَالِ نَعۡجَتِكَ اِلٰى نِعَاجِهٖ‌ ؕ وَاِنَّ كَثِيۡرًا مِّنَ الۡخُلَـطَآءِ لَيَبۡغِىۡ بَعۡضُهُمۡ عَلٰى بَعۡضٍ اِلَّا الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ وَقَلِيۡلٌ مَّا هُمۡ‌ ؕ وَظَنَّ دَاوٗدُ اَنَّمَا فَتَنّٰهُ فَاسۡتَغۡفَرَ رَبَّهٗ وَخَرَّ رَاكِعًا وَّاَنَابَ ۩ ٢٤

Қола лақад заламака би суали наъҷатика ила ниъаҷиҳ. Ва инна касӣра-м мина-л-хулатаи ла ябғӣ баъЗуҳум ъала баъЗин илла-л-лазӣна аману ва ъамилу-с-солиҳати ва Қалӣлу-м ма ҳум. Ва занна Давуду аннама фатаннаҳу фастағфара Раббаҳу ва харра рокиъа-в ва анаб. 24.

24. Довуд гуфт: «Дар ҳақиқат, ба хостани меши ту, ки (онро ҳам) бо мешҳои худ зам кардан мехоҳад, бар ту ситам кардааст. Ва ба дурустӣ ки бисёр аз шарикон баъзеашон бар баъзе ситам мекунанд, магар ононе ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд. Ва чунин инсонҳо каманд». Ва Довуд донист, ки албатта ӯро озмудем, пас, аз Парвардигори худ омурзиш хост ва саҷдакунон бияфтод ва ба сӯи Аллоҳи худ тавбакунон бозгашт.

Довуд (а) дар ҷавоби он шахси як мешдошта гуфт, ки шарики ту ба он 99 меш Қаноъат накарда, боз мехоҳад як меши туро азони худ кунад, то мешҳои ӯ 100-то шаванд, дар ҳақиқат вай бар ту зулм кардааст. Одати бисёр шарикон ҳамин аст, ки баъзешон ҳамдигарро бо раво дидани чунин корҳо зулм мекунанд. Магар касоне, ки ба Аллоҳи ягона имон доранду амалҳои солеҳро анҷом медиҳанд, ҳамдигарро зулм намекунанд. Локин ин гуна инсонҳо каманд. Хулоса, Довуд (а) дар асоси сухане, ки аз як мешдошта шунид, бе он ки аз они дигар сухане шунавад ё ҳуҷҷатеро пурсад, дар ҳол ҳукм баровард. Хасмкунандагон баъди ҳукм бе ягон эътироз нохост ғайб заданд. Аз чунин моҷаро Довуд (а) яқин намуд, ки Аллоҳтаъоло ӯро дар имтиҳон Қарор дода, итоб намудааст. (Аслан Қозӣ бояд ҳарду тарафи хасмро шунавад ва онро собит созад, баъдан ҳукм барорад). Бинобар ин, Довуд (а) бе ягон таъхир сари худро ба саҷда бурду аз Ӯ таъоло талаби мағфират намуд ва ба тавбаю пушаймонӣ рӯй овард.

Назди муфассирони муътабар сабаби ба итобу имтиҳони Илоҳӣ гирифтор шудани Довуд (а), ки он муносиби ҳоли пайғамбарон аст, дигар аст. Довуд (а) 24 соати шабонарӯзро байни хонаводаи худ барои ибодати Аллоҳ тақсим намуда буд. Ҳеҷгоҳ ибодатхона аз ибодаткунанда холӣ набуд. Тартиби муайяннамудаи Довуд (а)-ро хурду калон Қатъӣ риоя менамуданд. Боре Довуд (а) гуфт: «Парвардигоро, соате аз шаб ё рӯз нест, ки фарде аз хонаводаи Довуд (а) ба ибодати Ту машғул набошад». Ин гуна суханҳо ҳарчанд кӯчак намоянд ҳам, ба ҳусни одобу интизоми пайғамбарӣ шояд он Қадар лоиқ набошад (Аллоҳ донотар аст). Ба ҳар тақдир, ин гуна суханҳоро Аллоҳтаъоло написандид ва Довуд (а) гирифтори имтиҳони Илоҳӣ шуд.

Хонандаи гиромӣ, он чи дар боло овардем, аз ривоёти Ибни Аббос (раз) ва дигарон буд.

Ёдоварӣ: боре ҳангоми кӯдакӣ Имом Ҳасан (р) ва Имом Ҳусейн (р) пероҳанҳои тозаи худро ба бар карда, афтону хезон ба назди бобои худ ҳазрати Муҳаммад (с) омаданд. Он ҳазрат (с) онҳоро аз болои минбар дида, хутбаро Қатъ намуд ва ба истиқболи онҳо фаромада, ишонро аз замин бардошт ва ибораи «Аллоҳтаъоло росту дуруст гуфт, ки молу авлод фитнаанд»-ро ба забон овард.

Панд: ҳар як инсони соҳиби хирад метавонад аз рӯзгори ибратбахши Довуд (а) сабақ омӯзад. Агарчанде ӯ (а) пайғамбари ҷалилулқадр буд, бо андак ноз таҳти итоби Аллоҳтаъоло Қарор гирифт. Баъд дарҳол тавонист, ки худро ислоҳ намояд. Аммо шахсоне, ки дар ибодат ман-манӣ мекунанд, агар аз ин дарсҳои пандомез баҳра набардоранд, пас кӣ онҳоро огоҳ месозад? Ё онҳо даъвои пайғамбарӣ доранду интизорӣ мекашанд, ки кай ба онҳо ваҳйи Илоҳӣ биёяд, баъдан худро ислоҳ кунанд? Қиссаи Довуд (а) бо оятҳои зер идома дорад.

Таъкид: Баъди хондани ояти 24-ум як саҷда байни ду такбир лозим аст, зеро он 10-умин ояти саҷда дар Қуръон аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)