Сураи Сод Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 25

فَغَفَرۡنَا لَهٗ ذٰلِكَ‌ ؕ وَاِنَّ لَهٗ عِنۡدَنَا لَزُلۡفٰى وَحُسۡنَ مَاٰبٍ ٢٥

Фа ғафарна лаҳу залик. Ва инна лаҳу ъиндана ла зулфа ва ҳусна мааб. 25.

25. Пас, барои ӯ он чиро, ки мағфирати онро хоста буд, биёмурзидем ва албатта, ӯро назди Мо Қурбу бозгашти хуб аст.

Зимни ояти мазкур Аллоҳтаъоло аз фазилати Довуд (а) хабар медиҳад, ки чун Довуд (а) дар ҳол сари худро ба саҷда ниҳод ва омурзиш хост. Мо (яъне Аллоҳтаъоло) ӯ (а)-ро бахшидем ва ҳамчуноне ки буд, боз муқарраби даргоҳи Худ гардонидем. Дар мартабаи ӯ (а) ҳеҷ халале ворид нашуд, зеро лағжиши андаки ба Худо наздикшудагон нисбати мартабаашон бузург шуморида мешавад. Бори дигар нидои Аллоҳтаъоло ба Довуд (а) ба ояти зер мерасад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)