Тафсири Сураи Сод Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сод Ояти 41
وَٱذْكُرْ عَبْدَنَآ أَيُّوبَ إِذْ نَادَىٰ رَبَّهُۥٓ أَنِّى مَسَّنِىَ ٱلشَّيْطَٰنُ بِنُصْبٍ وَعَذَابٍ ٤١
Вазкур ъабдана Аййуба из нада Раббаҳу аннӣ массания-ш-шайтону би нусби-в ва ъазаб. 41.
41. Ва ёд кун бандаи Мо Айюбро, чун ба Парвардигори худ нидо кард, ки: «шайтон ба ман ранҷу дардро расонида аст».
Валлоҳу аълам, ояти мазкур ҳамчун тасаллие барои Расулуллоҳ (с) нозил шуда аст. Ин Қиссаи 3-юм аст, ки дар ин сураи муборака баён шудааст. Яъне чун Аюб (а) ба беморие дучор шуд, шайтон ӯро васваса намуда ба ӯ мегуфт: «Ту чӣ гуноҳ кардӣ, ки Аллоҳтаъоло неъмати сиҳатиро аз ту гирифт ва туро ба чунин алами сахт гирифтор кард?». Ин лаъин атрофиёни Аюб (а)-ро то дараҷае васваса андохт, ки гӯё марази ӯ ба аҳли деҳа сироят мекунад. Онҳо ӯ (а)-ро аз диёри худ ҳам берун карданд. Локин Аюб (а) ба чунин имтиҳони Илоҳӣ сабр менамуд ва одобро назди Худованд нигоҳ медошт. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло ба Ҳабиби Худ (с) мефармояд, ки ай Муҳаммад (с), бандаи мо Аюб (а)-ро ба ёд ор, ки ӯ ба анвои бало мубтало буду сабр мекард. Яъне ҳар гоҳе ки Аюб (а) ба Парвардигори худ бо тавбаю тазаррӯъ муноҷот мекард, мегуфт, ки парвардигоро, ин Қадар меҳнату машаққат ва алами шадидро бар бадани ман шайтон расонидааст. Маълум аст, ки ҳамаи ашё, хоҳ хайр бошанду хоҳ шарр, аз ҷониби Аллоҳанд. Дар ин ҷо Аюб (а) аз рӯйи одоб онҳоро ба шайтон нисбат додааст, на ба сӯи Аллоҳ. Монанди ин ҳам дар Қиссаи Мӯсо (а) дар сураи «Каҳф» ва «Анбиё» низ омадааст. Дар ҳақиқат таи 18 сол бар молу аҳлу ҷисми Аюб (а) осеб расида буд ва дар ин бало аз худ сабр нишон медод.
Адибе гуфтааст.
Ҳар кӣ дар ин базм муқаррабтар аст.
Ҷоми бало бештараш медиҳанд.
Алқисса Аллоҳтаъоло дуъои ӯ (а)-ро иҷобат фармуд ва Ҷабраил (а)-ро назди вай фиристод. Ҷабраил (а) биёмаду ба ӯ (а) гуфт:
Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «