Сураи Сод Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 45

وَٱذْكُرْ عِبَٰدَنَآ إِبْرَٰهِيمَ وَإِسْحَٰقَ وَيَعْقُوبَ أُو۟لِى ٱلْأَيْدِى وَٱلْأَبْصَٰرِ ٤٥

Вазкур ъибадана Иброҳӣма ва Исҳақа ва Яъқуба ули-л-айдӣ ва-л абсар. 45.

45. Ва (ба ёд ор) бандагони Маро Иброҳим, Исҳоқ, Яъқубро, ки онҳо неруманду соҳибназар буданд.

Аллоҳтаъоло ба Ҳабиби Худ (с) мефармояд, ки ай Муҳаммад (с), рузгори анбиёи некро ба ёд биёр ва таъсиси кори худро ба ишон чун Иброҳим (а) ва Исҳоқ (а) ва Яъқуб (а) монанд бисоз. Онон чунон ҷамоате буданд, ки Қуввати худро дар ибодат ва маърифати худро дар дин бо ҳам ҷамъу сарф менамуданд. Эшон чунон соҳиби амалу маърифати баланд буданд, ки бо дасту по яъне бо ҷамиъи ҳастии худ бандагӣ мекарданд ва Қудратҳои Аллоҳро бо чашмҳои бинандаи худ мушоҳида мекарданд ва бо ибодати хеш ба худ ҳусни зиёде мебахшиданд ва дар иҷрои амри Илоҳӣ худ чунон ҳаловат мебурданд, ки ҳеҷ чиз дар назарашон мисли он гуворо набуд.

Хонандаи мухлис, ба ёд овардани анбиёи ахёр шояд як таълимоти Илоҳӣ бошад. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)