Тафсири Сураи Тагобун Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тағобун Ояти 11
مَاۤ اَصَابَ مِنۡ مُّصِيۡبَةٍ اِلَّا بِاِذۡنِ اللّٰهِؕ وَمَنۡ يُّؤۡمِنۡۢ بِاللّٰهِ يَهۡدِ قَلۡبَهٗؕ وَاللّٰهُ بِكُلِّ شَىۡءٍ عَلِيۡمٌ ١١
Ма асоба мим мусӣбатин илла би изниллаҳ. Ва ма-й юъмин биллаҳи яҳди қалбаҳ. Валлоҳу би кулли шай-ин Ъалӣм. 11.
11. Ҳеҷ мусибате намерасад, магар ба ҳукми Аллоҳ аст. Ва ҳар ки ба Аллоҳ имон орад, дили ӯро ҳидоят намояд. Ва Худованд ба ҳар чизе (ки бошад) доност.
Ҳар мусибате, ки ба инсон мерсад, мисли фавти падар ё модар ё авлод, ё ҳалок шудани мол ва ғайра ба қазову тақдири Аллоҳтаъоло аст. Яъне ҳар касе ба Худо имон оварда, ҳама ҳодисаҳоро аз Худо донад, дили ӯ ба ҳидояти Аллоҳтаъоло мушарраф гардидаву дар имони худ собит мондааст. Дар натиҷа, сабру таҳаммули чунин шахс дар мусибатҳо зиёд гардида аз худ таслиму ризо нишон медиҳад. Зеро ин шахс ба хубӣ дарк кардаст, ки аз ҳукму қазои Аллоҳтаъоло ҷойи гурез нест ва хости Худо чуну чаро надорад. Хулоса, инсонҳо мусибатҳоро мехоҳанд ё не, ризоанд ё не, таслим мешаванд, ё не, онҳо бо ҳукми Аллоҳ мерасанд. Ҳеҷ яке аз инҳо ба Аллоҳтаъоло махфӣ намемонад. Аллоҳтаъоло ба аҳволи ҳамаи ашё олим аст, мувофиқи дастури фиристодаи Худ дар қиёмат аз инсонҳо талаб мекунад. Аллоҳ таъоло дар оятҳои зер фармудааст, ки:
Рӯйхати оятҳои Сураи Тағобун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «