Тафсири Сураи Тагобун Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тағобун Ояти 12
وَاَطِيۡعُوا اللّٰهَ وَاَطِيۡعُوا الرَّسُوۡلَۚ فَاِنۡ تَوَلَّيۡتُمۡ فَاِنَّمَا عَلٰى رَسُوۡلِنَا الۡبَلٰغُ الۡمُبِيۡنُ ١٢
Ва атӣъуллоҳа ва атӣъу-р-расул. Фа ин таваллайтум фа иннама ъала расулина-л балағу-л-мубӣн. 12.
12. Ва итоъат кунед Худоро ва итоъат кунед пайғамбари Ӯро. Пас, агар рӯгардон шавед, пас, ҷуз ин нест, ки бар Паёмбари Мо расонидани ошкоро асту бас.
Итоъати Парвардигор аз рӯи Қуръон амал кардан аст ва итоъати Расули Ӯ суннати ӯро ба ҷо оварданаст. Ҳар касе рӯй гардонда хилофи ин ду амал намояд, ӯ ба худ зиён карда аст. Албатта, итоъат аз Аллоҳтаъоло ва Расули Ӯ (с) дар риояи он чӣ, ки шаръи шариф фармудааст, ҳосил мешавад. Итоъати Расулуллоҳ (с) мисли итоъат аз Худо воҷиб аст.
Ҳар касе аз иҷобати Расули Худо (с) рӯй гардонад, агарчи мардумро ба ҳидояту имон хонад ҳам, ӯ дар нафси худ зиёнкор аст. Вазифаи расулон ба таври ошкоро ба мардум амру наҳйи Офаридгорро расонидан аст. Ҳар касе хилофи амри Аллоҳтаъоло амал намояд, подоши ӯ ҷазо хоҳад буд. Ҳар касе амал кунад барои фоидаи ӯст, зеро аз тоъату ибодати бандагон хазинаи Худованд пур ва аз исён варзиданашон чизе аз он кам намегардад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тағобун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «