Тафсири Сураи Тагобун Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тағобун Ояти 3
خَلَقَ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضَ بِالۡحَـقِّ وَصَوَّرَكُمۡ فَاَحۡسَنَ صُوَرَكُمۡۚ وَاِلَيۡهِ الۡمَصِيۡرُ ٣
Халақа-с-самавати ва-л-арЗа би-л ҳаққи ва савваракум фа аҳсана суваракум ва илайҳи-л масӣр. 3.
3. Аллоҳ осмонҳо ва Заминро бо тадбири дуруст офарид ва шуморо сурат баст, бас, суратҳои шуморо некӯ сохт ва бозгашти ҳама ба сӯйи Ӯст.
Замину осмонҳо беҳуда офарида нашудаанд. Дар бо ин қадар тадбири дуруст офариниши мавҷудоти дунё ҳикмати Худованд зоҳир аст. Чун Аллоҳтаъоло инсонро дар хубтарин сурат офаридааст, дар ин ҳам ҳикмати Худованд бисёр аст.
Барои инсони бохирад вақто таносубу ҳайати аъзои, худро мебинад ва мебинад, ки дар байни махлуқҳои Худованд аз ҳама беҳтарин ва зеботарин аст, як назар басанда аст. Фаразан, агар касе дигаргун ва зеботар намудани аъзои Худоофаридаро хоҳиш намояду дар ин хусус таҷрибаҳо гузаронад ба ҷуз оҷизӣ дигар коре аз дасташ намеояд.
Зеро ин гуна сурати зебо дар ҳеҷ як махлуқи Офаридгор нест. Вақто, ки чунин аст пас бояд донист, ки оқибат бозгашт ба сӯи он Худоест, ки инсонро ба ин шаклу сурат офаридааст, ва инсон бояд донад, ки дар охир мавриди пурсиш қарор гирифта, аз рӯйи амалҳои содиркардааш мағфират ё ҷазо мебинад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тағобун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «