Сураи Тағобун Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тагобун Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тағобун Ояти 4

يَعۡلَمُ مَا فِى السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِ وَيَعۡلَمُ مَا تُسِرُّوۡنَ وَمَا تُعۡلِنُوۡنَ‌ؕ وَاللّٰهُ عَلِيۡمٌۢ بِذَاتِ الصُّدُوۡرِ ٤

Яъламу ма фи-с-самавати ва-л-арЗи ва яъламу ма тусирруна ва ма туълинун. Валлоҳу Ъалӣмун би зати-с-судур. 4.

4. Он чӣ дар осмонҳост ва он чи дар Замин аст, медонад ва он чӣ пинҳон медоред ва он чиро ошкоро мекунед, медонад ва Худованд бо он чӣ дар синаҳост, доно аст.

Аллоҳтаъоло аз ҳама он чи дар осмонҳо ва Замин аст бохабар асту ҳамаро албатта, медонад. Зеро Ӯ таъоло холиқи онҳост. Ҳамчунин ҳама он чиро, ки инсонҳо дар дилҳои худ махфӣ медоранд, ё ошкор менамоянд, медонад. Ҳама амалҳои инсонҳо хоҳ ошкор бошанд ё пинҳон назди Худованд ошкору равшан аст ва ҳеҷ чиз аз Ӯ таъоло пинҳон намемонад.

Ҳама он чи дар оятҳои қабл зикр шуд, ҳамчун ваъид буд. Акнун Аллоҳтаъоло дар оёти баъдӣ аз пешиниён барои дарси имрӯзиён ёд карда гуфтааст, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Тағобун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тағобун Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тағобун Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)