Тафсири Сураи Талок Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Талоқ Ояти 5
ذٰلِكَ اَمۡرُ اللّٰهِ اَنۡزَلَهٗۤ اِلَيۡكُمۡ ؕ وَمَنۡ يَّـتَّـقِ اللّٰهَ يُكَفِّرۡ عَنۡهُ سَيِّاٰتِهٖ وَيُعۡظِمۡ لَهٗۤ اَجۡرًا ٥
Залика амруллоҳи анзалаҳу илайкум. Ва ма-й яттақиллоҳа юкаффир ъанҳу саййиатиҳӣ ва юъзим лаҳу аҷро. 5.
5. Ии ҳукми Худованд аст, ки ӯро сӯйи шумо нозил кардааст. Ва ҳар кӣ аз Аллоҳ битарсад, (Худо) аз вай гуноҳонашро дур кунад ва савобашро бузург созад.
Таъкиди пайидарпайи тарси Худо ва инчунин калимаи тақво дар ин оятҳо ба хотири он аст, ки хонанда огоҳ гардад, ки дар муомила бо зан эҳтиёт бошад. Яъне Худованд дар ин оят фармудааст, ки ҳарчи дар муомилаи зану шавҳар гуфта шуду, ҳудуду қонуни он муаян гардид, ин амру ҳукми Аллоҳтаъоло аст ва дастурест барои муъминон, то ба он кор бигиранду амал намоянд. Ҳар касе бо ин дастури амркардаи Худованд амал намояд ва аз Худо битарсад, Аллоҳтаъоло гуноҳҳои ӯро мағфират менамояд ва аҷру савобашро зиёда мегардонад.
Баъзе аз муфассирон гуфтаанд, ки ба такрор омадани калимаи тақво аз баҳри он аст, ки Аллоҳтаъоло аз сустии диндорӣ ва соддагии занҳо огоҳ аст ва ҳамчунин медонад, ки дар корҳои худ босабр нестанд, то аз аҳли тақво бошанд. Ба ҳамин хотир, калимаи тақво барои огоҳонидани занҳо такрор ба такрор баён гардидааст.
Ояти зер тарзи муомилаи бо зани дар идданишастаро баён месозад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Талоқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «