Сураи Талоқ Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Талок Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Талоқ Ояти 6

اَسۡكِنُوۡهُنَّ مِنۡ حَيۡثُ سَكَنۡـتُمۡ مِّنۡ وُّجۡدِكُمۡ وَلَا تُضَآرُّوۡهُنَّ لِتُضَيِّقُوۡا عَلَيۡهِنَّ‌ ؕ وَاِنۡ كُنَّ اُولَاتِ حَمۡلٍ فَاَنۡفِقُوا عَلَيۡهِنَّ حَتّٰى يَضَعۡنَ حَمۡلَهُنَّ‌‌ ۚ فَاِنۡ اَرۡضَعۡنَ لَـكُمۡ فَاٰتُوۡهُنَّ اُجُوۡرَهُنَّ‌ ۚ وَاۡتَمِرُوۡا بَيۡنَكُمۡ بِمَعۡرُوۡفٍ‌ۚ وَاِنۡ تَعَاسَرۡتُمۡ فَسَتُرۡضِعُ لَهٗۤ اُخۡرٰى ٦

Аскинуҳунна мин ҳайсу сакантум-м ми-в вуҷдикум ва ла туЗарруҳунна ли туЗаййиқу ъалайҳинн. Ва ин кунна улати ҳамлин фа анфиқу ъалайҳинна ҳатта яЗаъна ҳамлаҳунн. Фа ин арЗаъна лакум фа атуҳунна уҷураҳунна ваътамиру байнакум би маъруф. Ва иг таъасартум фа са турЗиъу лаҳу ухро. 6.

6. Занони дар иддабударо ба қадри тоқати худ дар ҷое, ки шумо сукунат доред, сукунатгоҳ бидиҳед. Ва бо онҳо иродаи изо додан макунед, то танг гардонед бар онҳо. Ва агар талоқшудагон соҳибони ҳамл бошанд, пас, бар онҳо, то вақте ки ҳамли худро таваллуд кунанд, нафақа диҳед, пас, агар фарзанди шуморо шир диҳанд, пас, онҳоро муздашонро бидиҳед. Ва дар миёни худ бо корҳои нек машварат кунед. Ва агар бо якдигар сахтгирӣ кунед, пас, ӯро зани дигар шир хоҳад дод.

Зикри нафақа додан ба зани талоқшуда дар оятҳои боло гузашта буд. Аз ин оят маълум мегардад, ки ба онҳо иқоматгоҳ додан ҳам нафақа аст, то зани талоқшуда аз ин сукунатгоҳ то тамом шудани иддааш бояд истифода барад. Додани нафақа ва сукунатгоҳ ба қадри имкон ва шароити марду зан вобаста аст.

Хулоса, додани нафақа ва ҷойи зист барои зани талоқшуда ба мард воҷиб аст. Худованд наҳй кардааст, ки мард набояд занро озор диҳад ва аз адои нафақа сустӣ зоҳир созад. Нашавад, ки зани талоқшуда музтар монда, тарки хона намояд. Агар зани талоқшуда ҳомила бошад то вақти таваллуди фарзанд барои шавҳараш воҷиб аст, ки нафақаи ӯро низ диҳад.

Баъд аз тавлиди кӯдак агар модараш хоҳад, ки то вақти зарурӣ ӯро шир бидиҳад ва агар падари кӯдак ба ин розӣ бошад, пас, бояд, ки ӯ ҳаққи ширдиҳии он занро бидиҳад, то тарки воҷиб нашавад. Чаро нафақа бар дӯши падар аст.

Ба ин хотир ки мусалмонон авлодро нисбат ба падар медиҳанд на ба модар. Ин чунин ҷамиъи миннати кӯдак ба ӯҳдаи падар аст.

Худованд фармудааст, ки он зану шавҳари собиқ дар ин масъала бояд бо ҳамдигар машварат намоянд. Шояд зан бо гирифтани аҷри (ҳаққи) ширдиҳӣ кӯдакашро шир диҳад, ё метавонад мард ба зан барои ширдиҳияш аз миқдори қабулшуда зиёдтар аҷрашро диҳад. Агар зан барои шир додани кӯдак розӣ бошад, мард ҳуқуқ надорад кӯдакро ба дояи дигар бидиҳад.

Хулоса, тавре бояд амал намуд, ки писанди Аллоҳтаъоло бошад. Агар мард гӯяд, ки ман барои ширдиҳии кӯдак аз ин ҳисоб зиёд намедиҳам ва зан гӯяд, ки ман аз ин миқдор кам бошад, ба кӯдак шир намедиҳам, хулоса, бо ҳам созиш накунанд, пас мард метавонад кӯдакро ба дояи дигар бидиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Талоқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Талоқ Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Талоқ Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)