Тафсири Сураи Талок Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Талоқ Ояти 7
لِيُنۡفِقۡ ذُوۡ سَعَةٍ مِّنۡ سَعَتِهٖؕ وَمَنۡ قُدِرَ عَلَيۡهِ رِزۡقُهٗ فَلۡيُنۡفِقۡ مِمَّاۤ اٰتٰٮهُ اللّٰهُؕ لَا يُكَلِّفُ اللّٰهُ نَفۡسًا اِلَّا مَاۤ اٰتٰٮهَاؕ سَيَجۡعَلُ اللّٰهُ بَعۡدَ عُسۡرٍ يُّسۡرًا ٧
Ли юнфиқ зу саъати-м мин саъатиҳ. Ва ман қудира ъалайҳи ризқуҳу фа-л юнфиқ мим ма атаҳуллоҳ. Ла юкаллифуллоҳу нафсан илла ма атаҳа. Саяҷъалуллоҳу баъда ъусри-й юсро. 7.
7. Бояд, ки шахси доро аз дороии худ нафақа кунад. Ва шахсе, ки бар ӯ ризқашро танг карда шудааст, пас, бояд, ки аз он чӣ, ки Аллоҳ ӯро додааст, нафақа диҳад, Аллоҳ ҳеҷ нафсеро такаллуф намекунад, магар ба миқдори он чӣ ки ӯро додааст. Зуд аст, ки Аллоҳ баъд аз сахтӣ осониро падид орад.
Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур миқдори додани нафақаро муайян сохтааст. Аз ояти мазкур чунин бармеояд, ки додани нафақа ба дорои ба қадри ҳолу тоқати мард вобаста аст. Худованд аз тоқат зиёд такаллуф нафармудааст.
Ба ҳар тақдир зану фарзандро аз нафақа бенасиб намудан мумкин нест. Байни нафақадеҳ ва нафақахӯр бояд ҳоли муносиб, мӯътадил ва барои ҳарду тараф мувофиқ бошад. Рафту дороии мард барои нафақа кифоя набошад, яъне камбағал ва ризқу рӯзияш танг бошад, дар ҳамин сурат ҳам ба кабағалияш нигоҳ накарда, бояд нафақаи камбағалона диҳад.
Камбағал ба мисли шахси ғанӣ мукаллаф нест. Ҳар кас дороияшро ба назар гирифта дар додани нафақаи зану фарзанд ҳаракат мекунад. Ояти карима башоратест барои марди фақир, ки мегӯяд: “Зуд аст, ки Аллоҳтаъоло баъд аз сахтӣ осониро падид оварда, дарҳои ризқу рӯзиро барои ӯ кушода гардонад”.
Адибе мегӯяд:
Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст.
Баъд аз он, ки Аллоҳтаъоло тарзи пардохти нафақаро баён сохт, дар отяҳои зер бо овардани мисоле аз гузаштагон, ки онҳо аз қонуну ҳудуди муайянкардаи Аллоҳтаъоло ҳориҷ шуда мубталои балоҳо шуданд, муъминонро ҳушдор медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Талоқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «