Сураи Тавба Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 12

وَإِنْ نَكَثُوا أَيْمَانَهُمْ مِنْ بَعْدِ عَهْدِهِمْ وَطَعَنُوا فِي دِينِكُمْ فَقَاتِلُوا أَئِمَّةَ الْكُفْرِ ۙ إِنَّهُمْ لَا أَيْمَانَ لَهُمْ لَعَلَّهُمْ يَنْتَهُونَ ١٢

Ва ин-н-накасу айманаҳум-м мин баъди ъаҳдиҳим ва таъану фӣ дӣникум фа қотилу аиммата-л-куфри иннаҳум ла аймана лаҳум лаъаллаҳум янтаҳун. 12.

12. Ва агар баъд аз аҳд карданашон қасамҳои худро бишкананд ва дар дини шумо айбҷӯй кунанд, пас бо пешвоёни куфр ҷанг кунед, бе шак, онҳо (шахсоне ҳастанд, ки дигар) барои онҳо аҳду паймоне нест, шояд онҳо бозистанд.

Аллоҳтаъоло дар ин оят барои мусалмонон тарзи муомила бо мушриконро иршод фармуда, бори дигар гуфтааст, ки агарчи мушрикон бо шумо бо савганд аҳд баста бошанд, локин савгандшикании худро идома дода паймони худро зери по мекунанд, илова бар он, диндорӣ ва оини шуморо айб гирифтаву масхараву мазаммату таън мезананд, метавонед аввал бо пешвоёни онҳо чун Абӯҷаҳл, Утба, Шайба ва Умайя ибни Халаф ва дигарон биҷангед, зеро онҳо имон надоранд. Савганди онҳо дар зоҳир савганд бошад ҳам, аммо ҳеҷ арзише надорад. Онҳо қадри савгандро намедонанд, то дар ҳимояи савганд худро ва молашонро дар амон нигоҳ доранд. Оре! Ин гуна гирумон бо мушрикон барои он аст, ки шояд онҳо аз куфру паймоншиканӣ ва таън дар дин задан боз истанд. Аз ҳамин сабаб, (наъузу билоҳ) касе аз мусалмонҳо Расулуллоҳ (с)-ро дашном диҳад, ё дини Исломро таън зада гӯяд, ки дини Ислом ноқис аст, агар тавба накунад, чунин шахс кофир аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)