Тафсири Сураи Тавба Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 51
قُلْ لَنْ يُصِيبَنَا إِلَّا مَا كَتَبَ اللَّهُ لَنَا هُوَ مَوْلَانَا ۚ وَعَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ ٥١
Қул ла-й юсӣбана илла ма катабаллоҳу лана Ҳува мавлана. Ва ъалаллоҳи фа-л ятаваккали-л-муъминун. 51.
51. Бигӯ (ба онҳо): «Ҳаргиз моро мусибате нарасад, магар он чӣ ки Аллоҳ барои мо навиштааст. Ӯ корсози мост. Ва муъминон бояд ки хос бар Аллоҳ таваккул кунанд».
Аллоҳтаъоло дар ҷавоби мунофиқон Набии Худ (с)-ро иршод фармудааст, ки ба онҳо бигӯ, ки мо ҳама таҳти қудрат ва хости Аллоҳтаъоло қарор дорем. Ӯ таъоло сарнавишти моро хоҳ нек бошаду хоҳ бад, дар Лавҳулмаҳфуз қаблан навишта аст. Ба ғайри тақдиркардаи Ӯ дигар чизе ба мо намерасад. Ба ҳар коре моро амр кунад, дар зоҳир бад ҳам бошад, ба фоидаи мост, мо итоъат мекунем. Ӯ таъоло соҳибу корсозу паноҳгоҳи мост. Дар ҳама кор ба Зоти поки Ӯ паноҳ мебарем ва ба Ӯ таваккал мекунем, ба ғайри Ӯ ба ҳеҷ чиз эътимод надорем. Мо имон дорему танҳо ёриро аз Ӯ талаб мекунем ва сар бар остони Ӯ месозем, ба ғайри Ӯ такягоҳ ва паногоҳи дигаре намеҷӯем!
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «