Сураи Тавба Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 59

وَلَوْ أَنَّهُمْ رَضُوا مَا آتَاهُمُ اللَّهُ وَرَسُولُهُ وَقَالُوا حَسْبُنَا اللَّهُ سَيُؤْتِينَا اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ وَرَسُولُهُ إِنَّا إِلَى اللَّهِ رَاغِبُونَ ٥٩

Ва лав аннаҳум раЗу ма атаҳумуллоҳу ва расулуҳу ва қолу ҳасбуналлоҳу са юътӣналлоҳу мин фаЗлиҳӣ ва расулуҳу инна илаллоҳи роғибун. 59.

59. Ва дар ҳақиқат, агар онҳо ба он чи Аллоҳ ва Расули Ӯ онҳоро дод, розӣ мешуданд ва мегуфтанд: «Аллоҳ моро кофист, Аллоҳ аз фазли Худ ва Расули Ӯ низ ба мо зуд хоҳад дод, бе шак, мо ба сӯйи Аллоҳ рағбаткунандагонем» (ба суди онҳо буд).

Ояти мазкур одоби бузургеро барои мо мусалмонон омӯхтааст. Бояд ҳама мусалмонҳо назди Аллоҳ ва Расули Ӯ (с) чунин одоб дошта бошанд. Яъне агар Зулхувайсараи мунофиқ ва шахсони амсоли он мунофиқии худро бо таън задани Расулуллоҳ (с) ошкор намекарданд ва ба он чи ки Аллоҳ ва Расули Ӯ (с) дар ихтиёри онҳо гузаштанд, ризоят медоданд ва мегуфтанд, ки барои мо моли бештар лозим буд, локин ҳоло он чи Аллоҳ ва Расули Ӯ (с) ба мо додаанд, моро басандааст. Аллоҳ аз фазли Худ ва Расули Ӯ (с) ба зудӣ ба мо мебахшанд ва мехоҳем, ки моро аз молу ҳиссаҳои дигарон бе ҳоҷат гардонанд, ба фоидаи онҳо буд. Афсӯс, ки чунин шахсон бо вуҷуде, ки суҳбати Расулуллоҳ (с)-ро дарёфтанд, локин миқёси санҷиши ҳақ ва адолатро дар манфиъатҳои шахсии худ пиндоштанд. Бояд мунофиқон дар он асно мефаҳмиданд, ки тақсими моли ғанимат, ё моли закот ва дигар садақаҳоро Аллоҳтаъоло ба зиммаи Худ гирифтааст.

Ҳоло бошад (яъне дар замони мо) барои мо як назар андохтан ба худ ва ба атроф кифоя аст. Барои шинохтани мунофиқон саҳифаҳои таърихро варақ задан ҳоҷат нест.

Худовандо! Моро чунон ҳидоят кун, ки меъёри адолатро дар чаҳорчуби соҳиб шудани ҳиссаҳои дигарон надонем. Омин!


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 58 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 60 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)