Сураи Тавба Ояти 60 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 60 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 60

۞ إِنَّمَا الصَّدَقَاتُ لِلْفُقَرَاءِ وَالْمَسَاكِينِ وَالْعَامِلِينَ عَلَيْهَا وَالْمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمْ وَفِي الرِّقَابِ وَالْغَارِمِينَ وَفِي سَبِيلِ اللَّهِ وَابْنِ السَّبِيلِ ۖ فَرِيضَةً مِنَ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ ٦٠

۞ Иннама-с-садақоту лил фуқараи ва-л-масакӣни ва-л-ъамилӣна ъалайҳа ва-л-муаллафати қулубуҳум ва фи-р-риқоби ва-л-ғоримӣна ва фӣ сабӣлиллаҳи вабни-с-сабӣл. ФарӣЗата-м миналлоҳ. Валлоҳу Ъалӣмун ҳакӣм. 60.

60. Ҷуз ин нест, ки сарф карда мешавад закотро ба фуқаро ва мискинҳо ва ба коргароне ки барои ҷамъи он муқаррар шудаанд ва ба гурӯҳе ки улфат дода мешавад дилҳои онҳоро ва дар озод кардани ғуломҳо ва дар қарздорҳо ва дар роҳи Аллоҳ ва дар ибни сабил (мусофир). Фарзияти он аз ҷониби Аллоҳ муқаррар шуд. Ва Аллоҳ донову соҳиби ҳикмат аст.

Чун мунофиқон дар тақсими моли садақа ба Расулуллоҳ (с) хурдагирӣ карданд, Аллоҳтаъоло дар ин оят, то ки таъну эътирози онҳо ба поён расад, ба кадом тоифа сарф кардани моли садақаро муайян кард. Мусалмоне, ки моли ӯ ба нисоб расидааст, закоти дигаронро хӯрданаш ҳаром ва бар ӯ фарз аст, ки дар як сол як маротиба 2,5 фоиз закоти моли худро ба яке аз ҳашт тоифаи муайян кардаи Аллоҳтаъоло диҳад: 1-ум: Ба фақир. Фақир шахсест, ки андаке мол дорад. Локин миқдори молаш ба закот додан намерасад. 2-юм: Мискин. Мискин шахсеро гӯянд, ки дар камбағалӣ ба ҳадди охир расида ҳеҷ чиз надорад. 3-юм: Ба омили закот. Омили закот шахсеро гӯянд, ки аз тарафи давлат барои ҷамъоварии молҳои закоти мардум вазифадор аст. Агар аз молҳои ҷамъовардааш ба ӯ маъош диҳанд, дуруст аст, бигзор тавонгар бошад. Зеро ӯ маъоши худро гирифтааст на закотро. 4-ум: Ба муаллифатул қулуб. Онҳо касонанд, ки нав дар ислом даромадаанд ва ҳоло имонашон заиф аст, ё шахсонеанд, ки майли ба ислом даромадан доранд. Барои дилгармии онҳо аз моли закот ба онҳо дода шавад, дуруст аст, чуноне ки Ралуллоҳ (с) қабилаҳои атрофи арабро аз моли закот медод ва дили онҳо ба Ислом моил шуд. Уламои ҳанафӣ ва моликӣ гуфтаанд баъди ошкоро ва тавоно шудани дини Ислом саҳми муаллафтул қулуб соқит шуд. 5-ум: Ба мукотаб. Мукотаб ғуломеро гӯянд, ки бо хоҷаи худ дар ивази озод шуданаш дар муддати муъайян, бо маблағи муайяне аҳднома навиштааст. Мешавад ба чунин ғулом закот дод, то ӯ ба хоҷааш диҳаду худро озод кунад. 6-ум: Ба қарздор: Қарздор шахсест, ки бо сабабҳои гуногун қарздор шудааст. Барои соқит кардани қарз аз моли закот ҳамчун ёрдам дода шавад, дуруст аст. На ба қарздори исрофкор, закотро гираду ба қарзҳояш надиҳад. 7-ум: Дар роҳи Аллоҳ. Яъне шахсоне, ки дар роҳи Аллоҳ барои мустаҳкам кардани дину диёнати мардум ба ҷиҳод ё барои нигаҳбонии марзи ватан аз душман баромадаанд. Онҳо беҳтарин шахсон дар роҳи Худо ҳисобида мешаванд. Ҳоҷие, ки ҳангоми сафари ҳаҷ аз моли худ бо сабабе ҷудо шудааст, ӯ низ шахси дар роҳи Худо ҳисоб мешавад. 8-ум: Ба Ибни сабил (Бачаи роҳ): Ибни сабил шахсеро гӯянд, ки аз ватани худ дур ва ба касоди иқтисодӣ гирифтор шудааст, он миқдор маблағе надорад, ки ба ватани худ баргардад. Бигзор дар ватани худ тавонгар бошад ва агар закот ба ғайри ин ҳашт тоифа, ба дигар шахс дода шавад, закот соқит намешавад.

Акнун шахси закотдиҳанда набояд бо кибру ғурур гирандаро ночиз ҳисобад. Бояд фикр кунад, ки додани закот фарзест аз фарзҳои илоҳӣ, ки ҳамчун ибодат онро иҷро кардааст. Вақто ки инсон фарз (ибодат)-ро аз худ соқит мекунад, чӣ ҷойи кибру ғурур ва чи ҷойи миннат ниҳодан аст? Будани камбағал ҳам байни бойҳо неъматест, ки шукрона мехоҳад. Агар камбағалҳо набошанд, бойҳо закоташонро ба кӣ медиҳанд? Инчунин будани бойҳо низ барои камбағалон неъмат аст, шукрона мехоҳад. Агар онҳо набошанд камбағал чӣ кор карда метавонад?

Аллоҳтаъоло дар ҷумлаи охири ин оят фармудааст, ки маҳдуд будани сарфи моли закот барои ин ҳашт тоифа фарзест ва аз ҳудудҳо таҷовуз накунед. Яъне ба ғайри ин ҳашт тоифа ба дигарон закот додан ҷойиз нест. Оре! Аллоҳтаъоло аз зоҳиру ботин ва салоҳи кори бандагони Худ бохабар аст, таъину тақсими моли закот ба ҳашт тоифа ҳикматест мувофиқи тақозои ҳикматҳои Ӯ.

Савол: Оё дар ҳолати адо кардани закот дар байни закотгирандагони закоти як соҳибнисоб ҳатман будани ҳашт тоифа


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

зарур аст? Ҳанафиҳо ва моликиҳо гуфтаанд, ки будани ҳамаи онҳо шарт нест, ба баъзе онҳо дода шавад, кифоя аст. Шофиъиҳо гуфтаанд лоақал аз ҳар тоифа се нафарӣ буданаш зарур аст. Яъне дар ҳолати адои закот будани 24-нафар шарт аст, ки ин ҳоло кори мушкил аст. Валлоҳу аълам.

Бо таъин шудани ҷойи сарфи закот тамаъи мунофиқоне, ки ба Расулуллоҳ (с) хурдагирӣ мекарданд, қатъ шуд. Ояти зер аз рафтори дигари нодурусти мунофиқон хабар медиҳад.

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 61 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)