Сураи Тавба Ояти 61 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 61 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 61

وَمِنْهُمُ الَّذِينَ يُؤْذُونَ النَّبِيَّ وَيَقُولُونَ هُوَ أُذُنٌ ۚ قُلْ أُذُنُ خَيْرٍ لَكُمْ يُؤْمِنُ بِاللَّهِ وَيُؤْمِنُ لِلْمُؤْمِنِينَ وَرَحْمَةٌ لِلَّذِينَ آمَنُوا مِنْكُمْ ۚ وَالَّذِينَ يُؤْذُونَ رَسُولَ اللَّهِ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ ٦١

Ва минҳуму-л-лазӣна юъзуна-н-набийя ва яқулуна ҳува узун. Қул узуну хайри-л лакум юъмину биллаҳи ва юъмину лил муъминӣна ва раҳмату-л лил лазӣна аману минкум. Ва-л-лазӣна юъзуна расулаллоҳи лаҳум ъазабун алӣм. 61.

61. Баъзе аз мунофиқон касонеанд, ки Набиро озор медиҳанд ва мегӯянд: «Ӯ зудбовар аст». Бигӯ: «Зудбоварии ӯ накӯӣ барои шумост. Гуфтаи Аллоҳро яқин дорад ва (машварати) муъминонро тасдиқ мекунад ва барои ононе ки аз шумо имон овардаанд, (буданаш) раҳмат аст». Ва ононе ки Расули Аллоҳро ранҷ мерасонанд, барои онҳо азоби дарднок ҳаст.

Пайғамбарамон, Муҳаммад (с), соҳиби ахлоқи ҳамида ва ҳамеша бо ҳама дар муомилаи хуб буданд. Ҳар кас ба ӯ (с) дар сухан мешуд, ба сухани ӯ ҷиддӣ эътибор медоданд. Ин гуна сифатҳои Расулуллоҳ (с)-ро мунофиқон айб ҳисобида, ба ӯ (с) лақаби узун (ба ҳама сухан гӯш мениҳад)-ро доданд. Яъне хоҳ дурӯғ гуфта шавад, хоҳ фиреб карда шавад, ё масхара фарқ намекунад, мегуфтанд. Мешуд, ки мунофиқон бо ҳам менишастанду дар шаъни Пайғамбар (с) бадгӯи мекарданд. Агар яке аз онҳо мегуфт, ки ин хел нагӯед, ин суханҳо ба ӯ (с) мерасанд, ба ӯ аҳамият намедоданд. Хулоса, онҳо аз хулқи ҳамидаи ӯ (с) сӯйиистифода карда мегуфтанд: “Агар суханҳои мо ба ӯ расад ҳам, ӯ фарқ намекунад. Мо метавонем гӯем, мақсади мо ин набуду он буд ва худро бе айб нишон медиҳем, зеро ӯ зудбовар аст ва сухани ҳамаро мешунавад.” Вале ҳақиқат он буд, ки ӯ (с) ҳама суханҳои онҳоро, рост ё дурӯғ, мефаҳмид, аммо аз рӯйи ҳаё ва виқоре, ки дошт, аз онҳо гузашт мекард ва ба онҳо бо нармӣ рафтор менамуд. Ҳоло дар ин оят Аллоҳтаъоло кирдори бади мунофиқонро фош карда гуфтааст, ки аз мунофиқон касоне ҳастанд, ки Пайғамбар (с)-ро изо дода мегӯянд, ки ӯ зудбовар аст, ҳама гуна суханро мешунаваду тасдиқ мекунад. Барои чунин шахсон посух ин аст, ки агар Пайғамбар (с) гӯш (зудбовар) бошад, ин ба фоидаи шумост, ки пардаи гуноҳи шуморо намедарад. Вагарна шумо бо ин макрҳое, ки доред, дар ҳол бояд ба ҷазо кашида мешудеду обрӯятон аз даст мерафт. Бо вуҷуди ин ҳам шумо мағрур нашавед, ки ҳарчи мегӯед, ӯ (с) дар баробари шумо сукутро ихтиёр мекунад, гӯё росту дурӯғи шуморо нафаҳмидааст. На! Ӯ (с) ҳамаро мефаҳмид, локин дар сифати волои худ барои тарбияти шумо собит мемонду аз дурӯғгӯии шумо чашм мепӯшид, то шояд шумо аз камхирадии худ огоҳ шаведу ҳидоят ёбед. Оре! Ӯ (с) зудбовар аст, локин зудбоварии хайр дорад, на зудбоварии бад. Агар хайрро шунавад, амал мекунад, на бадро. Сифатҳои ӯ (с) бисёр аст. Аз он ҷумла, ба Аллоҳтаъоло ва ба фармонҳои Ӯ имон дорад, ки ин беҳтарини сифатҳост. Бузургӣ ва нишонаҳои камоли Ӯ таъолоро шинохтааст. Ҳарчи Ӯ таъоло гӯяд, тасдиқ мекунад. Инчунин сифату ихлоси муъминони холисро медонад. Ҳар чи аз онҳо шунавад, низ бовар мекунад. Зеро муъминҳо, мисли шумо мунофиқон, доимо дар пайи эҷоди фитнаҳо нестанд. Сифати дигари Расулуллоҳ (с) ин аст, ки барои тамоми олам, ба хусус барои шумо муъминҳо дар дунё ва охират раҳмати Худост. Зеро ӯ (с) сабаби имон овардани шумо шудааст. Ҳурмату эҳтироми чунин зотро ба ҷо наовардан ва ӯ (с)-ро озор расондан камоли бехирадист ва барои он азоби аламнок дар пеш аст.

Ояти зер яке аз одатҳои қабеҳи мунофиқонро хабар додааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 60 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 62 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)