Сураи Тур Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тур Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тур Ояти 4

وَالۡبَيۡتِ الۡمَعۡمُوۡرِۙ ٤

Ва-л-байти-л-маъмур. 4.

4. Ва ба хонаи обод (Байту-л-Маъмур) қасам.

Аллоҳ таъоло бо «хонаи обод» қасам ёд намудааст. Мурод аз «хонаи обод» «Байтул маъмур» аст, ки онро фариштагон меъморӣ кардаанд. Байтул маъмурро фариштагони бузургмартаба тавоф мекунанд ва барои фариштагон чунон аст, ки Каъбаи мушаррафа барои муъминони аҳли Замин аст.

Дар ҳадис омадааст, ки чун ҳазрати Расулуллоҳ (с) дар шаби меъроҷ бо ҳазрати Ҷабраил (а) ба Байтул маъмур расиданд, Он ҳазрат (с) аз фаришта пурсид: «Ай бародар, Ҷабраил, ин чист?». Ҷабраил (а) гуфт: «Ин Байтул маъмур аст, ки ба он барои ибодат ҳар рӯз 70 ҳазор малоика ворид мегарданд ва чӣ гуна хориҷ мешаванд маълум нест».


Рӯйхати оятҳои Сураи Тур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тур Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тур Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)