Тафсири Сураи Тур Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тур Ояти 45
فَذَرۡهُمۡ حَتّٰى يُلٰقُوۡا يَوۡمَهُمُ الَّذِىۡ فِيۡهِ يُصۡعَقُوۡنَۙ ٤٥
Фа зарҳум ҳатта юлақу явмаҳуму-л-лазӣ фӣҳи юсъақун.45.
45. Пас, бигзор онҳоро, то он рӯзи худро мулоқот кунанд, ки дар он беҳуш шаванд,
Яъне ай Муҳаммад, мушрикон ва бединҳое, ки ба даъвати ту гӯш намедиҳанд ва аз раъйи худ ҳеҷ намегарданд, андак ба ҳоли худ бигузор. Ҳар навъ бозие мехоҳанд, бикунанд ва чӣ гуфтание доранд, бигӯянд.
Хулоса, эшонро ба тарзе, ки ҳастанд, вогузор. Зуд аст, ки рӯзеро мулоқот шаванд, ки он рӯз, рӯзи азобу даҳшатбор аст, онҳо аз садои пурдаҳшат ва тарс аз ғазаби илоҳӣ аз ақлу ҳуш бегона шаванд. Он вақт ҳеҷ чораву тадбир онҳоро суд накунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «