Тафсири Сураи Тур Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тур Ояти 46
يَوۡمَ لَا يُغۡنِىۡ عَنۡهُمۡ كَيۡدُهُمۡ شَيۡـًٔـا وَّلَا هُمۡ يُنۡصَرُوۡنَؕ ٤٦
Явма ла юғнӣ ъанҳум кайдуҳум шай-ав ва ла ҳум юнсарун. 46.
46. Рӯзе, ки макрашон аз онҳо чизеро дафъ накунад ва на онҳо мадад карда шаванд.
Шахсоне, ки ҳақиқатро тан намедиҳанд, чун ба рӯзи қиёмати кубро ё суғро мерасанд, дигар ҳилаву найрангҳое, ки дар дунё пинҳону ошкоро бо шеваю оҳангҳои гуногун мекарданд, нафъашон намебахшад. Ҳама роҳҳои гурез барояшон баста мешаванд ва аз ҳеҷ сӯ барои онҳо кӯмак намерасад. Зеро он ҷо чунин шароит нест. Ҳар чӣ аз макру найранг доранд, дар ин дунё мемонад. Қиёмат ҷойи дигар аст. Он ҷо ба ҷуз ақидаи дурусту амали солеҳ дигар чизе ба кор намеравад, дигар чӣ кор карда метавонанд?
Рӯйхати оятҳои Сураи Тур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «