Сураи Ёсин Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 19

قَالُوۡا طٰۤٮِٕـرُكُمۡ مَّعَكُمۡؕ اَٮِٕنۡ ذُكِّرۡتُمۡ ؕ بَلۡ اَنۡـتُمۡ قَوۡمٌ مُّسۡرِفُوۡنَ ١٩

Қолу таирукум-м маъакум. А-ин зуккиртум бал антум Қавму-м мусрифун. 19.

19. Гуфтанд: «Фоли бади шумо ҳамроҳи худи шумост! Оё агар панд дода шавед… (ба ҷои панд гирифтан, моро таҳдид мекунед?) Балки шумо Қавме аз ҳад таҷовузкунанда ҳастед!».

Чун расулони Аллоҳ фикру мақсади Қавми деҳаи Антокияро донистанд, ба онҳо гуфтанд, ки на чунон аст, ки шумо андеша доред, балки фоли бади шумо бо ҳамроҳии шумост ва омадани азобу оқибатҳои нохуш бар сари шумо аз куфру касофатии худи шумост. Шумо аз ҳадди муаянкардаи Аллоҳ таҷовуз кардаед. Аз ин хотир набояд аз мо домангир бошед. Мо фиристодагони Худо, шуморо ба сӯйи тавҳид, роҳи росту наҷот, ҳидоят менамоем. Кош, аз ин амри маъруфи мо панд мегирифтеду ба худ меомадед. Афсӯс, ки шумо ба мо бовар надоред. Пас ҳар чи Қадар маломат кунед, худатонро маломат кунед. Ҳарчанд мо неку бадро ба шумо фаҳмонидем ва роҳи ҳайру шарро барои шумо кушодем, шумо ақли худро аз рӯйи ҷаҳолат нодуруст истифода намудед. Моро сабабгори ноомади кори худ дониста ба Қатл ҳукм кардед. Шумо бо сабаби ҷоҳилии худ азоби Илоҳиро сазовор гаштаед. Бо ҳамин тариқ фиристодагони Аллоҳ дар мақсадҳои худ устувору барои ҳидояти он Қавм бо василаҳои дуруст машғул буданд, нохост…


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)