Сураи Ёсин Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 45

وَاِذَا قِيۡلَ لَهُمُ اتَّقُوۡا مَا بَيۡنَ اَيۡدِيۡكُمۡ وَمَا خَلۡفَكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُوۡنَ ٤٥

Ва иза Қӣла лаҳуму-т-тақу ма байна айдӣкум ва ма халфакум лаъаллакум турҳамун. 45.

45. Ва чун ба онҳо гуфта шавад, ки аз он чӣ ки пеши рӯи шумост ва аз он чӣ ки аз ақиб мегузоред, битарседу иҷтиноб кунед, то шояд шумо раҳм карда шавед. (Чаро Қабул надоранд?)

Баъд аз он, ки Аллоҳтаъоло инсонҳоро бо далелҳои Қотеъ ва бо лутфу раҳмати беинтиҳои Худ панд дод, бори дигар дар ояти мазкур ба бандагонаш хабар мерасонад, ки бо вуҷуди ин Қадар далелҳои равшан ҳоло ҳам инсонҳое ҳастанд, ки панд намегиранду худро гумроҳ сохтаанд.

Аз ҷумла, агар ба мушрикони Макка гуфта шавад, ки аз ғазаби Худо битарсед ва аз азобҳое, ки бар сари умматҳои гузашта омада буд, ибрат гиред, панд намегиранд. Барои Қавмҳои пешин ҳам расулҳо омада буданд, вале онҳо пайғамбаронро дурӯғгӯ ҳисобиданд. Дар натиҷа ба балоҳои азим дучор шуда ба ҳалокат расиданд. Шумо ҳам худро аз азоби ин дунё, олами барзах ва аз азоби рӯзи Қиёмат барҳазар созед. Шояд он вақт ба шумо раҳм карда шавад. Мутаассифона, онҳо то андозае худро гумроҳ сохтаанд, ки аз рӯйи кибр ба шунидани ин гуна насиҳатҳо рағбат надоранд. Кибру ғурур дар гӯши онҳо чунон пунбаи ғафлат задаст, ки мавъизаю насиҳат ба гӯши онҳо, чуноне ки дар ояти зер мефармояд, таъсир намебахшад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)