Сураи Ёсин Ояти 70 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 70 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 70

لِّيُنۡذِرَ مَنۡ كَانَ حَيًّا وَّيَحِقَّ الۡقَوۡلُ عَلَى الۡكٰفِرِيۡنَ ٧٠

Ли юнзира ман кана ҳаййа-в ва яҳиққа-л-Қавлу ъала-л-кафирӣн. 70.

70. То ҳар киро, ки зинда (муъмин) бошад, битарсонад ва сухани ҳақ бар кофирон ҳуҷҷату собит шавад.

Яъне он чи Пайғамбар тиловат мекунад, он шеър набуда, балки ҳама панду ҳикмат аст. Онро ба мардум мерасонад, то касе дили зинда ва гӯши ҳақшунав дорад, аз ин Қуръон панд гирад. Нафъе, ки аҳли имон аз Қуръон мегиранд, дигарон гирифта наметавонад. Ҳамчунин Қуръонро тиловат кардани Расулуллоҳ (с) барои кулли куффору мушрикон, ки ӯ (с)-ро шоир мегуфтанд, ҷиҳати ба азоби Ҷаҳаннам маҳкум карданашон ҳуҷҷат хоҳад шуд.

Хулоса, ҳар касе, хоҳ муъмин ва хоҳ ғайри муъмин агар Қуръонро шунида панд гирад, Қуръон рӯзи Қиёмат ба манфиати ӯ ва агар панд нагирад, бар зарари ӯ шоҳидӣ хоҳад дод.

Дар ин ҷо Аллоҳтаъоло ҳимояи Қуръон ва ҳабиби Худ (с)-ро бо назардошти ин сура муваққатан ба поён расонида, ба зикри ашёе гузаштааст, ки ба Қудрати беитиҳои Ӯ далолат мекунанд. Инак ояти зер яке аз он оятҳост:


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 69 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)