Тафсири Сураи Ёсин Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 8
اِنَّا جَعَلۡنَا فِىۡۤ اَعۡنَاقِهِمۡ اَغۡلٰلًا فَهِىَ اِلَى الۡاَ ذۡقَانِ فَهُمۡ مُّقۡمَحُوۡنَ ٨
Инна ҷаъална фи аънақиҳим ағлалан фа ҳия ила-л азқони фаҳум-м муқмаҳун. 8.
8. Албатта, Мо дар гарданҳои онҳо тавқҳо гардонидем, пас, он тавқҳо то зери манаҳи онҳост, пас, онҳо сардарҳавомондагонанд.
Зимни ояти мазкур Аллоҳтаъоло мефармояд, ки мо ба гардани чунин тоифае, ки сифаташон дар оятҳои боло гузашт, тавқҳо задем. Валлоҳу аълам, ин тавқҳо иборат аз одатҳо ва расму муҳаббати ҷоҳу мол ва тақлиди бобову аҷдоди онҳост. Ба ибораи дигар, ин як суратбандист барои гумроҳии мушрикон ва ин ба он монанд аст, ки ба ҳарду дастонашон кишанг зада ба гарданашон сахт баста шудааст, ки сари онҳо ба тарафи боло менигарад ва дигар хам намегардад. Яъне чунин тоифа айби худро намебинанд ва тобеъи роҳи ҳидоят намешаванд. Дар «Тафсири ҷалолайн» омада, ки ононе ки барои имон овардан сар фуруд намеоранд, ба мисли ашхосеанд, ки ба дасту манаҳи онҳо кишанг зада шудааст. Дигар онҳо имкон надоранд, ки сари худро поён кунанду айби худро бинанд.
Ибни Касир гуфтааст, ки шахсоне ки дорои чунин сифатанд, ба шақоват тақдир шудаанд. Нишонаи онҳо ин аст, ки илтифоту майлу таваҷҷуҳ ба сӯйи ҳақ зоҳир намесозанд ва ҳатто аз дидани ҳақ рӯй мегардонанд. Модоме онҳо ба чунин гумроҳӣ фурӯ рафтаанд. Худованди Қодиру тавоно барои онҳо бо мисоли дигаре дар ояти зер чунин фармуд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «