Тафсири Сураи Ёсин Ояти 77 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 77
اَوَلَمۡ يَرَ الۡاِنۡسَانُ اَنَّا خَلَقۡنٰهُ مِنۡ نُّطۡفَةٍ فَاِذَا هُوَ خَصِيۡمٌ مُّبِيۡنٌ ٧٧
А-ва лам яра-л-инсану анна халақнаҳу мин-н-нутфатин фа иза ҳува хасӣму-м мубӣн. 77.
77. Оё инсон намебинад, ки Мо ӯро аз нутфа офаридем, пас, ногаҳон ӯ бо Мо ошкоро хусуматкунанда аст?
Ин истиҳфом (савол) ҳам собиткунандаи инкори ақидаи мушрикон ва ҳам як дилкӯбию маломати шадид аст барои онҳое, ки зиндагардонидани баъди мирониданро бовар надоранд. Аллоҳтаъоло дар ин оят фармудааст, ки оё инсони ба куфр гаравида боре бо назари ибрат ва бо чашми хирад ба Қудратҳои Парвардигори худ наменигарад, ки ӯро аз як Қатра оби маҳин (ҳақир), ки онро нутфа гӯянду аз махраҷи наҷосатҳо хориҷ мегардад, халқ кардааст? Оё онҳо барои инкори ин Қудрати Парвардигор ягон далелу бурҳон оварда метавонанд? Ҳаргиз! Пас бояд инсон асли худро фаромӯш насозад ва бо ҳар гуна ёвагӯӣ ба хусумати аҳли ҳақ напардозад. Вале инсонҳои бо ақлашон Қабул надошта ва ба гирдоби куфр ғарқшуда, бо дидани як устухони пӯсида баъсу нушур (зиндагардонидани баъд аз миронидан)-ро инкор намуда, ба Парвардигори худ ошкоро хусумат меварзанд.
Муфассирон овардаанд, ки ин оят ва ояти баъдӣ дар ҳаққи Убай ибни Халаф нозил гардидааст. Номбурда як устухони пӯсидаеро оварда, ҳатто ба сари Расулуллоҳ (с) ҳаво дода гуфт: «Ё Муҳаммад, мо ба мисли ин устухон пӯсида гардидем, гумон дорӣ, ки боз аз сари нав моро зинда хоҳад кард?» Расулуллоҳ (с) гуфт: «Оре, туро зинда месозаду дохили норат мегардонад». (Наъузубиллоҳ аз чунин хусуматҳо ва аз чунин муждаҳои нохуши иҷрошаванда).
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «