Тафсири Сураи Ёсин Ояти 81 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 81
اَوَلَيۡسَ الَّذِىۡ خَلَقَ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضَ بِقٰدِرٍ عَلٰٓى اَنۡ يَّخۡلُقَ مِثۡلَهُمۡؔؕ بَلٰی وَهُوَ الۡخَـلّٰقُ الۡعَلِيۡمُ ٨١
А-ва лайса-л-лазӣ халақа-с-самавати ва-л-арЗа би Қодирин ъала ай яхлуқа мислаҳум. Бала ва Ҳува-л Халлақу-л-Ъалӣм. 81.
81. Оё Он зоте, ки осмонҳо ва Заминро офарид, тавоно нест бар он, ки монанди онҳоро биёфарад?». Оре (тавоност)! Ва Ӯст офаранда ва доно.
Аллоҳтаъоло ин истиҳфом (саволи) тақририро барои инкоркунандагони баъсу нушур далел оварда фармудааст, ки Зоте ки Қодир шуду тавонист 7 табақаи осмон (Коинот)-ро бо тамоми ҷирмҳояш бо ин Қадар бузургию паҳноӣ ва ҳамчунин Заминро халқ намуд, оё наметавонад ҷасадҳои бани Одамро бори дигар барои ҳисобу китоб зинда бисозад? Албатта, бе ягон шакку шубҳа он Зоти пок Қодиру бисёр хуб халқкунандаву бисёр хуб доност. Хулоса, халқи (офаридани) ин ҳама назди Ӯ таъоло бо як калимаи амр вобастаги доранд, ки мегӯяд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «