Тафсири Сураи Юсуф Ояти 110 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Юсуф Ояти 110
حَتَّىٰ إِذَا اسْتَيْأَسَ الرُّسُلُ وَظَنُّوا أَنَّهُمْ قَدْ كُذِبُوا جَاءَهُمْ نَصْرُنَا فَنُجِّيَ مَنْ نَشَاءُ ۖ وَلَا يُرَدُّ بَأْسُنَا عَنِ الْقَوْمِ الْمُجْرِمِينَ ١١٠
Ҳатта изастай-аса-р-русулу ва занну аннаҳум қад кузибу ҷааҳум насруна фануҷҷия ман-н-нашаъ. Ва ла юрадду баъсуна ъани-л-қавми-л муҷримӣн. 110.
110. (Муҳлат додем) то он гоҳ ки фиристодагон аз имони қавмашон навмед шуданд ва қавми онҳо гумон карданд, ки онҳо ба дурӯғ ваъда шудаанд. Нусрати Мо ба онҳо омад, пас, аз онҳо ҳар киро ки хостем, наҷот дода шуд. Ва азоби Мо аз гурӯҳи ситамгарон рад карда намешавад.
Ояти мазкур ба лаҳзаҳои ҳасостарини зиндагии анбиё (а) ишора карда, фармудааст, ки пайғамбарони илоҳӣ дар роҳи даъвати мардум ба сӯйи ҳаққ, ҳаддалимкон пофишорӣ мекарданд. Аммо қавми саркаши гумроҳ сухани онҳоро напизуруфта, мухолифати худро идома медоданд. Наомадани азоб бар онҳо таъхир шуд. Онҳо мағрур шуда бадкориҳои худро рӯз аз рӯз зиёдтар мекарданд. Илова бар ин, мегуфтанд: «Шумо моро тарсондед, ки балои ҳалоккунанда сари шумо меояд, несту нобуд мешавед. Куҷост он азоби мо ва он фирӯзии шумо? Акнун мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки он гуфтаҳои шумо ҳама дурӯғ ва барои таҳдиди мо будааст».
Хулоса, ба таъхир афтодани азоби илоҳӣ барои онҳо чунон тулонӣ шуд, ки ғаму андӯҳи Пайғамбарон, то дараҷае авҷ гирифт, ки ҳатто онҳо маъюс гашта, ба ташвиш омаданд. Гумон карданд, ки мардум дигар имон намеоранд, Пайғамбарии онҳоро қабул намекунанд ва азобу ҳалоки илоҳӣ болои онҳо намеояд. Чуноне ки ин мазмун дар ояти 26-уми сураи «Бақара» низ гузашт, умеди онҳо қариб буд, ки аз ҳама чиз бурида шавад. Хушбахтона, ногаҳон мадади осмонӣ фуруд омад. Муъминони фармонбардор наҷот ёфтанд, бунёди кофирон ва гунаҳкорон аз беху бун бурида шуд. Ай мардум, аз таъхири азоби илоҳӣ фиреб нахӯред ва ба сифати Парвардигор, ки раҳим аст, мағрур нашавед, дар амал кӯшед, то балоҳое, ки умматҳои саркаши гузаштаро ҳалок сохт, шуморо низ несту нобуд накунанд. Зеро Худованд гуфтааст, ки азоб ва муҷозоти Мо дер шавад ҳам, албатта, ба суроғи қавми ботилкор меояд. Дар он сурат онро аз сари қавми гунаҳкор ҳеҷ қудрате боз дошта наметавонад. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Юсуф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «