Сураи Зумар Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зумар Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Зумар Ояти 53

۞ قُلۡ يٰعِبَادِىَ الَّذِيۡنَ اَسۡرَفُوۡا عَلٰٓى اَنۡفُسِهِمۡ لَا تَقۡنَطُوۡا مِنۡ رَّحۡمَةِ اللّٰهِ‌ ؕ اِنَّ اللّٰهَ يَغۡفِرُ الذُّنُوۡبَ جَمِيۡعًا‌ ؕ اِنَّهٗ هُوَ الۡغَفُوۡرُ الرَّحِيۡمُ ٥٣

۞ Қул йа ъибадия-л-лазӣна асрафу ъала анфусиҳим ла тақнату ми-р-раҳматиллаҳ. Инналлоҳа яғфиру-з-зунуба ҷамӣъа. Иннаҳу Ҳува-л-Ғафуру-р-Раҳӣм. 53.

53. Бигӯй: «Эй бандагони Ман (эй), касоне ки бар нафсҳои худ исроф кардаед, аз меҳрубонии Аллоҳ ноумед машавед. Албатта, Аллоҳ ҳамаи гуноҳонро мағфират мекунад. Албатта, Ӯ омурзгору меҳрубон аст».

Хулоса, молу бахту давлат барои бадкорон сабаби саркашӣ ва барои некӯкорон имтиҳон, нодорию фақирӣ барои бадкорон хорӣ ва барои некон комилӣ ва бузургӣ аст. Набояд инсони муваҳҳид (яктопараст) дар тақдири Аллоҳтаъоло ҳайрон бимонад.

Зимни ояти мазкур Парвардигор мегӯяд, ки ай бандагони муъмин, агар дар содир кардани гуноҳҳо бар нафсҳои худ исрофи зиёде карда бошед ҳам, аз мағфирату раҳмати Аллоҳтаъоло ноумед машавед, зеро агар Аллоҳтаъоло ирода кунад, тамоми гуноҳҳои ҳар бандаро мағфират намояд. Аллоҳтаъоло бисёр хуб авфкунандаву меҳрубон аст.

Аз зоҳири оят маълум аст, ки Аллоҳтаъоло муъминонро ба умедвории мағфират мехонад ва ҳар чи Қадар гуноҳ бисёр гашта бошад ҳам, албатта, ба раҳмати Аллоҳ боз гардиданашонро ишора мекунад. Инчунин барои кофирон як даъват аст, ки ҳоло ҳам вақт ҳаст, ноумед нашуда ба сӯйи тавбаву имон руҷӯъ кунанд. Ба ин мазмун дар ояти зер низ омадааст, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зумар Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зумар Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)