Тафсири Сураи Зумар Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Зумар Ояти 54
وَاَنِيۡبُوۡۤا اِلٰى رَبِّكُمۡ وَاَسۡلِمُوۡا لَهٗ مِنۡ قَبۡلِ اَنۡ يَّاۡتِيَكُمُ الۡعَذَابُ ثُمَّ لَا تُنۡصَرُوۡنَ ٥٤
Ва анӣбу ила Раббикум ва аслиму лаҳу мин Қабли ай яътиякуму-л ъазабу сумма ла тунсарун. 54.
54. Ва пеш аз он, ки ба шумо азоб биёяду, пас шумо мадад карда нашавед, ба сӯи Парвардигори худ руҷӯъ кунед ва барои Ӯ фармонбардорӣ кунед.
Аллоҳтаъоло дар ояти Қаблӣ бандагони Худро аз омурзгории хеш мутаваҷҷеҳу умедвор сохт. Дар ин оят бори дигар онҳоро амр намуд, то аз гуноҳҳои содиркардаи худ пушаймон бошанд, роҳи куфру исёнро тарк намоянд, аз ҷуду карами Аллоҳтаъоло дар ҳолати содир кардани, гуноҳ шарм дошта бо пушаймонию тавба ба боргоҳи Ӯ руҷӯъ кунанд. Зеро камоли фазли Ӯ таъоло интиҳо надорад. Дар асл инобати мо бандагон ҳам бе фазлу лутфи Илоҳӣ муяссар намешавад. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло ба Ҳабиби Худ (с) мефармояд, ки ба уммати худ бирасон, ки ба тоату тавбаву тазаррӯъ, ҳамчунин бо пушаймонӣ аз гуноҳҳои содиркарди худ ба сӯйи он Зоти пок Қабл аз он, ки азоб ба сӯйи онҳо нозил гардад, руҷӯъ кунанд. Албатта, меҳрубонӣ ва банданавозии Ӯ таъолост, ки мо бандагонро ҳушдор додааст. Зеро чун азоб нозил гардад, ҳеҷ як Қувва, ҳеҷ як фард Қодир нест онро боз дорад. Вақто ки Ислом пирӯз гашт, мушрикон боварӣ ҳосил намуданд, ки Аллоҳтаъоло тарафдори ин дин аст, аксари онҳо аз гуноҳҳои содиркардаи худ шарм доштанд. Аз рӯйи хиҷолат гумон бурданд, ки ин Қадар гуноҳи бисёр содир кардаанд Аллоҳтаъоло онҳоро мағфират намесозад. Аз ин сабаб мусулмон нашуданд, боз ба гуноҳҳо ғӯта зада, хуни чандин мусулмони бегуноҳро резониданд.
Хулоса, Аллоҳтаъоло дар мазмуни ин ду ояти Қаблӣ фармуд, ки сидқан тавба кунед, ба умеди мағфирати гуноҳҳои худ Қабл аз нузули азобу марг ба сӯйи Аллоҳи ягона боз гардед. Ваъдаи Илоҳист, ки шуморо мағфират мекунад. Локин баъди муоинаи азоб ё марг пушаймонӣ суд надорад.
Бозо, бозо, ҳар он чӣ ҳостӣ, бозо,
Гар кофару габру бутпарастӣ, бозо.
Ин даргаҳи мо, даргаҳи навмедӣ нест,
Садбор агар тавба шикастӣ, бозо!
(А. Абулхайр)
Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «