Сураи Зумар Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зумар Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Зумар Ояти 6

خَلَقَكُمۡ مِّنۡ نَّفۡسٍ وَّاحِدَةٍ ثُمَّ جَعَلَ مِنۡهَا زَوۡجَهَا وَاَنۡزَلَ لَـكُمۡ مِّنَ الۡاَنۡعَامِ ثَمٰنِيَةَ اَزۡوَاجٍ‌ ؕ يَخۡلُقُكُمۡ فِىۡ بُطُوۡنِ اُمَّهٰتِكُمۡ خَلۡقًا مِّنۡۢ بَعۡدِ خَلۡقٍ فِىۡ ظُلُمٰتٍ ثَلٰثٍ‌ ؕ ذٰلِكُمُ اللّٰهُ رَبُّكُمۡ لَهُ الۡمُلۡكُ‌ ؕ لَاۤ اِلٰهَ اِلَّا هُوَ‌ ۚ فَاَ نّٰى تُصۡرَفُوۡنَ ٦

Халақакум-м мин-н-нафси-в ваҳидатин сумма ҷаъала минҳа завҷаҳа ва анзала лакум-м мина-л-анъами саманията азваҷ. Яхлуқукум фӣ бутуни уммаҳотикум халқа-м мин баъди халқин фӣ зулуматин салас. заликумуллоҳу Раббукум лаҳу-л-мулк. Ла илаҳа илла Ҳу. Фа анна тусрафун. 6.

6. Шуморо аз як нафс биёфарид. Сипас, аз он ҷуфт (зан)-и онро офарид ва барои шумо аз чаҳорпоён ҳашт ҷуфт фуруд фиристод. Шуморо дар шикамҳои модаронатон дар чандин марҳала, дар торикиҳои сегона халқ мекунад. Ин аст Аллоҳ, ки Парвардигори шумост. Мар Ӯрост подшоҳӣ. Ҳеҷ маъбуде барҳақ ба ҷуз Ӯ нест. Пас, аз куҷо (чаро) аз роҳи ҳақ гардонида мешавед?

Аллоҳтаъоло дар ин оят мардумро хитоб намуда гуфтааст, ки ай мардум, шуморо аввалан Аллоҳтаъоло аз пушти камари Одам (а) биёфарид. Баъди ин барои Одам (а) ҷуфти ӯ, яъне модари инсоният Ҳавворо халқ намуд. Ба аксари ривоёт Ҳавворо аз Қабурғаи паҳлӯи чапи Одам (а) арзи ҳастӣ дод. Ғайри Аллоҳтаъоло кӣ метавонад Одам ва Ҳавворо бе падару модар биёфарад? Ҳеҷ кас!

Ӯ таъоло бо фазлу меҳрубонии Худ чунин Зотест, ки барои манфиати инсонҳо аз ҳайвонҳои чаҳорпо мисли шутур, гов, гӯсфанд ва буз ҳашт ҷуфт офарид, то аз онҳо ва аз пашму пӯст ва гӯшту шири онҳо истифода баранд.

Ҳамчунин Аллоҳтаъоло шуморо дар батни модарҳоятон марҳила ба марҳила биёфарид. Яъне аввали халқ нутфа будед, баъд хуни баста шудед, сипас то ҷудо гаштани аъзоҳо ба гӯштпора бадал шудед. Баъд аз он дар шумо рӯҳ дамида шуд. Инчунин дар се парда Қарор доштед. Ававал ин ки тифл дар ғилоф пардаи худ ҷойгир аст, дувум дар бачадон маъво дорад ва билохира ин ҳарду дар дохили батни модар ҷой доранд, ки дар маҷмӯъ пардаҳо се торикиро ташкил мекунанд. Ин Қудратро ба ғайри Аллоҳи ягона кӣ дорад? Ин аст, ки Аллоҳтаъоло Парвардигору холиқ ва суратсозу пайдокунандаи шумо ва тамоми махлуқот аст. Мар Ӯрост тасарруфи тому подшоҳӣ дар мулки Худ. Ба ҷуз Ӯ таъоло ҳеҷ маъбуди барҳаққе барои шумо нест. Пас чаро аз ибодати Ӯ сар печида, ба ибодати ғайри Ӯ рӯй меоред? Ибодати ғайри Аллоҳ чӣ маъное дорад?

Аллоҳтаъоло зимни ояти зер аз куфру куфрварзӣ мардумро барҳазар доштааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зумар Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зумар Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)