Тафсири Сураи Ихлос – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ихлос 112-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 4 оят иборат аст.
Ин сура аз сифатҳои Худованди ягона хабар медиҳад. Онро сураи Тавҳид низ меноманд. Худованд ба ҳеҷ махлуқ муҳтоҷ нест, аз ғайри худ ғанӣ аст. Ҳама ба Ӯ таъоло муҳтоҷанд.
Вайро мислу монанд набуд, нест ва нахоҳад буд. Сифатҳои Худованд комилу бардавоманд. Ӯ таъоло аз сифатҳои ноқис пок ва муназзаҳ аст. Инчунин ин сура фаҳмишу эътиқоди мушриконро рад мекунад. Зеро онҳо барои Худо наслу авлодро ҷоиз медонанд.
Сабаби нузули ин сура ин аст: Баъзе аз мушрикон назди Он ҳазрат (с) омада гуфтанд: “Сифати Парвардигори хешро бар мо баён кун, ки Ӯ аз тилло аст ё нуқра, ё аз забарҷад аст” ё ёқут?”.
Дар он ҳангом ин сура нозил шуд. Дар саҳеҳ-и Бухорӣ аз Расули Акрам (с) ривоят аст, ки Расули Акрам (с) ба саҳобагон марҳамат карда гуфтанд: “Оё касе аз шумо, қодир ҳаст, ки сеяки Қуръонро дар як шаб хонад?”.
Ин таблиғ ба саҳобагон машаққат намуд онҳо гуфтанд: “Кадоме аз моён қуввати анҷоми инро дорад?” Расулаллоҳ гуфтанд: “Сураи “Ихлос” дар қадри савоб баробари аз сеяк ҳиссаи Қуръон аст, чунки Қуръон ба се тақсим аст: Ақида, қисса, аҳкоми шариат”.
Ин буд назаре ба мундариҷаи сураи Ихлос.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ихлос «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «