Сураи Нур Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нур Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нур Ояти 6

وَالَّذِينَ يَرْمُونَ أَزْوَاجَهُمْ وَلَمْ يَكُنْ لَهُمْ شُهَدَاءُ إِلَّا أَنْفُسُهُمْ فَشَهَادَةُ أَحَدِهِمْ أَرْبَعُ شَهَادَاتٍ بِاللَّهِ ۙ إِنَّهُ لَمِنَ الصَّادِقِينَ ٦

Ва-л лазӣна ярмуна азваҷаҳум ва лам яку-л лаҳум шуҳадау илла анфусуҳум фа шаҳадату аҳадиҳим арбаъу шаҳадатин биллаҳи иннаҳу ламина-с-садиқӣн. 6.

6. Ва ононе ки занони худро туҳмат ба зино мезананд ва онҳоро гувоҳон нест, магар як худашон, пас, гувоҳии яке аз онҳо ин аст, ки чаҳор бор шаҳодат ба Худо (гуфта, қасам ёд кунанд, ки): «Ҳаройина, вай аз ростгӯён аст».

Дар оятҳои қаблӣ ҳукми тӯҳмат задан ба занони бегона баён шуд, ҳоло дар ин оят ҳукми касе, ки бо ҳамсарони худ даргир мешавад, баён шудааст.

Оид ба сабаби нузули ояти мазкур муфассирон чунин ривоят кардаанд: «Ҳилол ибни Умайя (р) шомгоҳ аз сари Замини худ ба хонааш баргашт ва ба чашмони худ дид, ки марде бо занаш ҳамбистар аст. Пас, бомдод назди Расули Худо (с) омад ва моҷароро боз гуфт. Аммо Расули Худо (с) ин хабарро аз вай написандид. Ансориҳо гуфтанд: «Ҳоло ки чунин шуд, Расули Худо (с) бар вай ҳадди қазф (тӯҳмат ба зино)-ро ҷорӣ хоҳад кард». Аммо Ҳилол (р), ки ба ростгӯии худ итминон дошта буд, гуфт: «Ман умедворам, ки Худои азза ва ҷалла кушоише бароям фароҳам оварад». Ҳамоно буд, ки ояти мазкур нозил шуд. Дар ин ҳангом буд, ки Расули Худо (с) ба Ҳилол (р), мужда дод миёни ӯ ва занаш бо мулоина (қасамхӯрӣ) ҳаллу фасл сохт.

Худованд дар ин оят ҳукми мардонеро баён кардааст, ки ба занони худ туҳмат ба зино мекунанд ва ба ғайр аз худ дар зоҳир дигар гувоҳоне надоранд, ки гуфтаи онҳоро тасдиқ кунанд, бояд чаҳор маротиба ба номи Аллоҳ шаҳодат диҳанд, ки дар он чи нисбат ба зани худ аз зино медиҳанд, аз ростгӯён ҳастанд.

Дар ояти баъдӣ барои чунин мардон қасами иловаги баён шудааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нур Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нур Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)